ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки тибқи он сервисҳои ҷустуҷӯӣ муваззаф шудаанд маҳзанҳои дорои иттилоъоти носаҳеҳро бо дархости сокинони кишвар ҳазф кунанд, матни ин қонун дар сомонаи расмии иттилоъоти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Ин қонун аз 1 январи соли 2016 мавриди истифода қарор мегирад.
Тибқи ин санад, шаҳрванд метавонад аз сервисҳои ҷустуҷӯӣ маҳзани иттилоъ дар бораи худ, ки онро носаҳеҳ, ғайримуъассир медонаду тавзеъи он бо нақзи муқаррароти қавонин сурат гирифтааст, талаб кунад. Аммо ин муқаррарот ба ахбор дар бораи ҳаводисе рабт надорад, ки дорои иттилоъти нишонаҳои ҷиноӣ ҳастанду мӯҳлати ҷазои он ҳазф нашудааст ва иттилоъ дар бораи ҷароиме вуҷуд дорад, ки ҳанӯз ҳукми додгоҳиаш адо нашудааст.
Дар қонун навҳаи муроҷиъати шаҳрвандон ба сервисҳои ҷустуҷӯӣ ва шароити баррасии ин дархостҳо мушаххас шудаанд. Аз ҷумла, дархосткунанда бояд асомии худ ва мушахассоти шиносномаашро ироъа карда иҷоза бидиҳад, ки иттилоъти шахисаш коркард шавад ва нишонии сомонаҳо ва маҳзанҳоеро ироъа кунад, ки ба эътиқодаш дар он иттилоъи носаҳеҳ вуҷуд дораду шарҳ бидиҳад, ки ба чӣ далел онҳо бояд ҳазф карда шаванд. Масъули ин сервиси ҷустуҷӯӣ муваззаф аст, ки аз ин мавриди муроҷиъати шаҳрванд иттилоъ ошкор насозад.
Қонун ба сервисҳои ҷустуҷӯӣ ҳақ додааст, ки асноди шиносоии нафари муроҷиаткунандаро дархост кунанд. Мӯҳлати баррасии муроҷиъати шаҳрвандон даҳ рӯзи корӣ муқаррар шудааст.
Дар сурати радди дархости ҳазви маҳзан шаҳрванд ҳаққ дорад ба додгоҳи маҳалли зисташ муроҷиъа кунад.
Ин қонун бо интиқодоти ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти интернетӣ рӯбарӯ шуд ва онҳо иддаъо доранд, ки бозрасии иттилоъот дар бораи мутобиқати ахбор ба қавонин хоси фаъолияти сервисҳои ҷустуҷӯӣ нест ва ин умур бояд ба Роскомнадзор вогузор карда шавад.