Президент дар Роғун мактабро ифтитоҳ кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Рахмон аснои суханронӣ дар назди тоҷикони муқими Уфаи Бошқирдистони ФР. 8 июли соли 2015
Эмомалӣ Рахмон аснои суханронӣ дар назди тоҷикони муқими Уфаи Бошқирдистони ФР. 8 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президент хонандагонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани илмҳои нав ва барномаҳои компютерӣ даъват кард, зеро ба андешаи ӯ донистани забонҳои хориҷӣ ва кор бо компютер талаботи замони муосир аст.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Субҳи имрӯз райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва боздид аз маҳалли барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Роғун ба шаҳри Роғун рафт, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии президент.

"Сафари кории Раҳмон  дар шаҳри Роғун нахуст аз иштирок дар маросими ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Роғун оғоз ёфт",- омадааст дар хабари манбаъ.

Ба иттилоъи расида, бунёди ин муассисаи таҳсилоти миёна соли 1980 оғоз гардида, сохтмонаш нотамом монда буд. Бо гузашти беш аз се даҳсола он аз тарафи маъмурияти Муассисаи зериобшавандаи Роғун сохта шуд.

"Дар бунёди мактаб 22 миллиону 460 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шуда, он аз чор ошёна иборат мебошад ва барои 1300 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии ҳудуди мактаб 3,6 гектар мебошад",- меафзояд сарчашма.

Барои бе мушкилӣ гузарондани фасли сармо мактаб бо системаи гармидиҳии маркази шаҳр пайваст карда шудааст. Инчунин мактаб дорои 5 генератори барқдиҳанда мебошад.55 нафар омӯзгорони дорои маълумоти олӣ ба хонандагон аз фанҳои гуногун дарс мегӯянд. Дар ин мактаб хонандагон аз минтақаи поёнии шаҳр, деҳаҳои Паси мӯҳраҳо, Сариқамиш, Каҷбед ва деҳаи Кичроғ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Зимнан, президент хонандагонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани илмҳои нав ва барномаҳои компютерӣ даъват кард, зеро ба андешаи ӯ донистани забонҳои хориҷӣ ва кор бо компютер талаботи замони муосир аст.

 

Лентаи хабарҳо
0