Раиси “Амонатбонк” гуфт, Толиб Айёмбеков қарзҳояшро пардохтааст

© Sputnik / Амир ИсаевРуҳулло Ҳакимзода, раиси "Амонатбанка"
Руҳулло Ҳакимзода, раиси Амонатбанка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси “Амонатбонк” гуфтааст, Толиб Айёмбековро қарзҳояшро барградонида ва танҳо фоизи бонк мондааст, ки то имрӯз 329 ҳазору 310 сомониро дар бар мегирад.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Руҳулло Ҳакимзода, раиси "Амонатбонк", мегӯяд, Толиб Айёмбеков, собиқ фармондеҳи мухолифин дар Бадахшон қарзашро ба ин бонки давлатӣ пурра баргардонд ва феълан танҳо пардохти фоизҳо мондааст, хабар медиҳад хабаргузории "Озодагон".

Бинои асосии Амонатбонк дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Амонатбонк” ҳамкориро бо бонкҳои СҲШ тақвият мебахшад

Ҳакимзода 14-уми июн зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Толиб Айёмбеков маблағи умумии қарзашро, ки 455 ҳазор сомонӣ буд, пурра супорид ва танҳо фоизи қарзҳояш мондааст.

Раиси "Амонатбонк" ҳаҷми фоизи қарзҳои Айёмбековро то имрӯз 329 ҳазору 310 сомонӣ арзёбӣ карда, афзуд, ки дар моҳҳои охир натавонистааст пардохт кунад.

"Агар маблағҳоро пардохт кардан натавонад, амволи багаравмондаашро ба фурӯш мегузорем ва қарзгир низ бо ин сад дарсад розист", — афзудааст Ҳакимзода.

Ба гуфтаи масъулини "Амонатбонк" Айёмбеков то охири соли равон муҳлат дорад.

Аввали соли равон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, собиқ раиси "Амонатбонк" хабар дод, ки Оламбибӣ Гулдарбоғова, ҳамсари бародари Ёдгор Мамадасламов, собиқ фармондеҳи мухолифин дар Бадахшон, ки ҳанӯз соли 2008-ум аз ин бонк 350 ҳазор сомонӣ гирифта буд, қарзашро пурра баргардондааст.

Лентаи хабарҳо
0