Барои узви Раёсати олии ҲНИТ шашу ним соли зиндон тақозо шуд

© SputnikАкси Ҷалолиддин Маҳмудов дар сомонаи ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ
Акси Ҷалолиддин Маҳмудов дар сомонаи ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хостааст, то Ҷалолиддин Маҳмудов, узви раёсати олии ҲНИТ-ро барои нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ба 6,6 соли зиндон маҳкум кунад.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Айбдоркунандаи давлатӣ барои Ҷамолиддин Маҳмудов, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ муттаҳам мешавад, аз додраси парванда 6 солу 6 моҳи зиндон талаб кардааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Дархости вакилони Ҷамолиддин Маҳмудов рад шуд

Зарафо Раҳмонӣ, яке аз вакилони оқои Маҳмудов дар суҳбат бо хабаргузорӣ гуфтааст, Раҷабалӣ Шернаев, айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳии 13 июл дар ноҳияи Ҳисор Маҳмудовро бар асоси талаботи қисми 2-и моддаи 195-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ ва бо маслиҳати пешакӣ пинҳон кардани он, айбдор кардааст.

Хонум Раҳмонӣ афзудааст, қарор аст, рӯзи 15 ё 16 июли соли равон мурофиаи навбатӣ баргузор шуда, дар он Маҳмудов барои гуфтани ҳарфи ниҳоии худ ба додгоҳ ҳозир шавад.

Ин узви ҲНИТ 10 феврали соли равон аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт гардид. Ин ниҳод бо нашри изҳороте боздошти узви аршади ҲНИТ дар арафаи интихоботи парлумонии кишварро шарҳ дода, гуфт, дар манзили истиқоматии Латиф Сардорови 60-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор ду таппончаи тамғаи Макаров, чор тирдон, 51 дона тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ ёфт ва мусодира кардаанд, ки ба гуфтаи Сардоров ба Ҷамолиддин тааллуқ доштааст.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо нашри изҳороте боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷамолиддин Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот донист ва аз Эмомалӣ Раҳмон хост, "бо дарназардошти нақши шахсии оқои Маҳмудов дар назорат бар оташбас ва расидан ба сулҳ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қазияи мазкурро зери назорат бигирад".

13 феврали соли равон Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қарори то ду моҳ дар боздоштгоҳ мондани ӯро содир карда, баъдан ин муҳлатро тамдид кард.

Ҷамолиддин Маҳмудов дар баробари узви Раёсати олии ҲНИТ будан, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон намояндаи ин ҳизб дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар буд.

Лентаи хабарҳо
0