Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Фаронса

© Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар солгарди ҷашни миллии Фаронса – ба даст овардани Бастилия Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури он кишвар номаи табрикотӣ ирсол кардааст.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба президенти Фаронса Франсуа Олланд дар робита ба ҷашни миллии он кишвар — солгарди ба даст овардани Бастилия номаи табрикотӣ фиристодааст, менависад сомонаи президент.

"Ниҳоят хушҳолам, ки Шумо ва мардуми дӯсти кишварро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллии Ҷумҳурии Фаронса — солгарди ба даст овардани Бастилия — сидқан табрику таҳният гӯям", — омадааст дар нома.

Раисҷумҳур навиштааст, Тоҷикистон сатҳи муносибатҳои худро бо Фаронса баланд арзёбӣ намуда, он кишварро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо мешуморад ва ба густариши бемайлони ин равобит ва васеъ гардонидани доираи ҳамкориҳо ҳавасманд аст.

"Мо аз сатҳи рушди муносибатҳои дуҷониба қаноатманд ҳастем ва итминон дорем, ки ба кор андохтани имкониятҳои тоза барои боз ҳам тавсеа бахшидани муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба ба нафъи ҳар ду кишвар буда, боиси таҳкими сулҳу субот ва равобити судманди созанда дар минтақа мебошад", — гуфта шудааст дар нома.

Лентаи хабарҳо
0