Расонаҳо: фурӯравии замин сабаби эҳтимолии фоҷеъа дар Омск аст

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкТахриби бинои маркази омӯзишӣ дар вилояти Омск
Тахриби бинои маркази омӯзишӣ дар вилояти Омск - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манобеъи наздик ба ширкаткунандагони таҳқиқи фоҷеъа дар Омск хабар доданд, ки далели тахриби бино шояд уфти замин шудааст, ки ба далели адам ва ё насби нодурусти обравҳо пайдо шудааст.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Далели тахриби бинои хобгоҳи низомӣ дар маркази омӯзишии нерӯҳои ҳавоиву чатрбозӣ дар Омск метавонад фурӯнишасти замини зери пойдевораш бошад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи "Коммерсант".

"Ба унвони яке аз далоили ин фоҷеъа манобеъи "Ъ", ки ба ширкаткунандагони таҳқиқот наздиканд, фурӯ рафтани замин дар зери пойдевори биноро номидаанд. Ин амр дар пайи резиши об аз бом ва оби атрофи бино метавонад ба вуҷуд омада бошад", — хабар медиҳад нашрия.

Тахриби бинои хобгоҳи низомӣ дар Омск бузургтарин қазия дар артиш аст

Ба иттилоъи рӯзнома, пойдевори хобгоҳи низомӣ метавонад дар пайи ба вуҷуд омадани халоъ ба далели адам ё насби нодурусти обравҳо дар атрофи бино фурӯ рафта бошанд.

Фоҷеъа дар Омск шоми 12 июл рух дод: дар бинои чаҳортабақаи хобгоҳи низомӣ дар шаҳраки Светлийи назди Омск фарши табақаҳофурӯ рехтанд ва он замон дар бино 337 низомӣ мехобиданд. Зери харобаҳо 42 нафар низомӣ уфтоданд ва 23 нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд ва теъдоди боқимонда ба муъассисоти пизишкӣ интиқол дода шуданд. Феълан дар маҳалли ҳодиса комиссияи вазорати дифоъи Русия фаъолият дорад ва раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин пайваста аз вазъ дар Омск гузоришҳо мегирад.

Лентаи хабарҳо
0