Манбаъ: Эрон ва “шашгона” ба тавофуқ расиданд

© МИД России / Гузариш ба медиабонкГуфтушуниди "панҷ бо изофаи як" бо Эрон оид ба барномаи ҳастаии ҷумҳурии исломӣ. АКс аз бойгонӣ
Гуфтушуниди панҷ бо изофаи як бо Эрон оид ба барномаи ҳастаии ҷумҳурии исломӣ. АКс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуфтушунид оид ба барномаи ҳастаии Эрон дар Вена ба анҷом расид, ҳоло ҳайати намояндагони кишварҳои “шашгона” ва Теҳрон матни ниҳоии созишномаро мувофиқа мекунанд.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Эрон ва гурӯҳи «шашгона» дар мавриди созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон ба мувофиқа расиданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Рейтер.

Тавофуқи “шашгона” бо Эрон дар масъалаи барномаи ҳастаӣ

"Ин ҳама заҳмати сангин беҳуда набуд ва мо ба созиш расидем",- изҳор доштааст дипломати эронӣ аснои сӯҳбат бо хабаргузорӣ. Ҳамчунин, як мансабдори воломақоми эронӣ низ ба тавофуқ расидани ҷонибҳоро тасдиқ намудааст.

Қарор аст, ки соатҳои наздик вазирони умури хориҷа дар мулоқот дар Вена дар мавриди имзои созиши ниҳоӣ тасмим бигиранд. Ба думболи он нишасти хабарӣ баргузор хоҳад шуд.

Аз ин пештар Эрон ва гурӯҳи «панҷ ба изофаи як» санади садсаҳифагиро таҳия карданд, ки дар он ҳама ҷузъиёти шартҳои коҳиши барномаи ҳастаии Эрон ва лағви таҳримҳои байнулмилалӣ оварда шудааст.

Дар сурати имзои созиш, Эрон бояд фаъолиятҳои ҳастаияшро дар ивази лағви таҳримҳои байналмилалӣ маҳдуд кунад. Бар пояи тавофуқи дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария моҳи апрел ҳосилшуда, Эрон муваззаф аст, ки шумораи сентрифугаҳо барои ғанисозии ураниумро аз 19 ҳазор феълӣ то 6 ҳазор адад коҳиш диҳад. Эрон ҳамчунин бояд захираҳои ураниуми ғанишудаашро, ки дар сурати ғализтар кардан аз он сетавон бомби ҳастаӣ сохт, аз 7 тонна то 350 кило кам кунад.

Лентаи хабарҳо
0