ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Тафовут дар омори гумрукии Чин ва Тоҷикистон ба адами инсофи тоҷирон, ки аз Чин маҳсулот ворид мекунанд ва бархе аз кормандони гумрук бастагӣ дорад, ки ба туҷҷор барои дубора ба расмиёт даровардани воридот мусоидат мекунанд, мӯътақид аст раҳбари Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб.
Рӯзи сешанбе дар нишасти матбуотӣ раҳбари ин ниҳод хабар дод, ки ҳангоми сафар ба Чин тафовути бузург дар омори доду ситади коло миёни Чин ва Тоҷикистонро мушаххас кардааст.
"Ахиран ман дар Чин будам ва ошкор шуд, ки дар 5 моҳи соли 2015 аз Чин ба Тоҷикистон ба маблағи $257 миллион маҳсулот содир шудааст, вале дар асл ба Тоҷикистон танҳо ба маблағи $132 миллион маҳсулот ворид шудааст. Бубинед фарқ ба $125 миллион аст. Ин амр ба далели тағйири аснод дар марзи Чину Тоҷикистон рух медиҳад, зеро асноди арзиши маҳсулот пойин бурда мешавад, то аворизи гумрукӣ камтар пардохт шавад", — гуфт Ғоиб.
Ба гуфтаи вай чунин наҳва на танҳо дар мавриди Чин истифода мешавад. Дар соли ҷорӣ ҷанд мавриди "иваз" дар асноди як коло ба дигарӣ ва воридоти он ба қаламрави кишвар ошкор шудааст.
"Ба унвони мисол, қолинҳо, мебел, маҳсулоти чармӣ ва колоҳои дигар ҳамчун макарон сабт мешаванд. Чунин амал ба манзури камтар пардохт кардани аворизи гумрукӣ ва молиёт анҷом дода мешавад", — хабар дод раҳбари Идораи гумрук.
Ғоиб зикр кард, ки дар тӯли ним сол панҷ корманди ин ниҳод ошкор шудаанд, ки даст ба чунин аъмол задаанд ва парвандаҳои онҳо ба Ожонсии мубориза бо фассод ирсол шудаанд.
"Мо ҳатман талош хоҳем кард, ки аз чунин аъмол ҷилавгирӣ кунем, вале мушкил дар он аст, ки чунин ҳодисаҳо бо хости ҳарду ҷониб сурат мегиранд. Дар соли ҷорӣ муҳокимаи додгоҳии собиқ корманди гумрук анҷом ёфт ва аз ӯ ҳудуди 20 маскан дар биноҳои навсохт мусодира шуд. Куллияи дороиҳои вай ба суди будҷа мусодира шуд", — зикр кард вай.
Раҳбари Идораи гумрук муътақид аст, ки маҳз ба далели чунин нақзи муқаррарот бархе аз кормандони гумрук аз шароити сохтмони хонаҳои боҳашамат ва хариди мошинҳои гаронарзиш бархурдоранд.
Дар гузашта раҳбарияти пешини ин ниҳод тафовут дар омори гумурки Тоҷикистон ва Чинро ба фарқи навҳаи шумориш рабт медоданд. Ба унвони мисол, тибқи натоиҷи ду соли ахир ҷониби Чин иддаъо дошт, ки табодули коло бо Тоҷикистон ба $2 миллиард расидааст, аммо тибқи омори дохилӣ ин рақам тақрибан ду маротиба бештар аз омори ҷониби Тоҷикистон буд.