Поси хотири марзбонони посбонгоҳи 12-ум дар Шӯрообод

Обуна шудан
Низомиёни русу тоҷик, ҳамчунин сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов аз сарбозони отряди марзбонии 12-уми Русия, ки рӯзи 13 июли соли 1993 тӯли 11 соат бо душман дар набард буданд, ёд карданд.

Рӯзи шанбе дар маҳалли ҳодиса дар Шӯрообод дуо карданд. Сафири Русия дар ҶТ Игор Лякин-Фролов дар назди муҷассамаи ёдгорӣ гулчанбар гузошт.

22 сол қабл аз ин сарҳадбонони рус дар Тоҷикистон дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон бо ҷангиён муқовимати шадид нишон дода, қаҳрамонона ҳалок шуданд.

Замоне ки  гурӯҳи ҷангиён мехостанд ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд, марзбонон тӯли 11 соат бо онҳо даргир шуданд. Талафоти ҷонӣ 25 нафарро ташкил дод. Шаш нафар аз сарҳадбонон бо унвони Қаҳрамони Русия мушарраф гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0