Ду ширкат иҷозат гирифтаанд, ки то 160 тонна шираи камол ҷаъм кунанд

Хайрулло Ибодуллоҳзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон
Хайрулло Ибодуллоҳзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати “Фароз” ва “Минфар” барои ҷамъоварии шираи камол иҷозати Кумитаи ҳифзи муҳити зистро доранд ва шаҳрвандони Афғонистонро барои ҷамъоварии ин гиёҳ истихдом кардаанд.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Барои ҷамъоварии шираи камол — гиёҳи шифоҳӣ, ки дар кӯҳу саҳроҳои Тоҷикистон мерӯяд, ду ширкат "квота"-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишварро пайдо кардааст, гуфт Хайрулло Ибодуллоҳзода, раиси кумитаи мазкур.

Ин ширкатҳо "Фароз" ва "Минфар" ҳастанд, ки ширкати "Фароз" шаҳрвандони Афғонистонро, ки дар ин кор таҷрибаи бештар доранд, барои ҷамъоварии шираи камол даъват кардааст, афзуд Ибодуллоҳзода зимни нишасти хабарие дар Душанбе имрӯз 14 июл.

"Ин ду ширкат "квота" доранд, ки имсол то 160 тонна шираи камолро ҷамъоварӣ кунанд. Ба ширкати "Фароз" 100 тонна иҷозат дода шудааст ва ба "Минфар" 60 тонна", — илова кард раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист.

Шираи камол аз гиёҳҳои шифодиҳанда аст, ки асосан дар доманакуҳҳо ва саҳроҳо мерӯянд. Дар гузашта ҷамъоварии аз ҳади меъёр бештари ин гиёҳ боис шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷаъоварии онро муваққатан манъ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0