ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Корхонаи «Кабоол-тоҷик-текстайлз»-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд моҳи августи соли равон дубора ба фаъолият оғоз хоҳад кард, иттилоъ медиҳад АМИТ "Ховар".
"Баъди баррасии чанд лоиҳаи барқарор намудани коргоҳ, бо дастгирии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳоло корҳои навсозӣ дар ин корхона шурӯъ шудаанд",- омадааст дар хабари манбаъ.
Корхонаи мазкур, ки дар давоми чанд соли фаъолият нахи пахта ва матои босифат истеҳсол менамуд, аз соли 2008 аз фаъолият бозмонда буд. Дар муассиса зиёда 2300 нафар дар се баст машғули кор буда, бо маоши хуб таъмин буданд.
Ҳоло дар заминаи корхонаи мазкур ҶСШП «Ресандаи Тоҷикистон РБТ» таъсис ёфта, зиёда аз 70 нафар мутахассис ба корҳои барқарорсозӣ ва ивази қисмҳои эҳтиётии таҷҳизоти мавҷуда машғул аст. Корҳои омодасозӣ ба фаъолияти дубора бо роҳбарии мутахассисони олмонӣ аз ширкати «BIMAKO» сурат гирифта, то имрӯз корҳои асосии нақшавӣ дар марҳилаи анҷомёбианд.
Раҳбарияти корхона тасмим доранд, баъди анҷоми умури навсозӣ дар марҳилаи аввал, яъне моҳи августи соли равон истеҳсоли нахи пахтаро ба роҳ монда, зиёда аз 500 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоянд.