Воридшавии техникаи вижа ба Омск, ки он ҷо хобгоҳи низомиён тахриб шуд

Обуна шудан
Тахриби деворҳои миёнтабақии хобгоҳи чаҳортабақа дар шаҳраки низомӣ дар минтақаи Светлий соати 19:52 ба вақти Маскав замоне рух дод, ки дар он 337 низомӣ хуфта буданд. 38 нафари онҳо зери харобаҳо мондаанд.

Техникаи махсус барои бартараф кардани ҷойҳои валангоршудаи хобгоҳи низомиён ба Омск ворид гардидааст.

Ба маҳалли тахрибшуда гурӯҳҳои пизишкӣ аз бемористони низомии Бурденко, Вишневский ва Мандрика бо духтурони дараҷаи олӣ бо таҷҳизоти вижа ва ҳамчунин гурӯҳи махсуси  пизишкии Минтақаи марказии низомӣ ва панҷ гурӯҳи пизишкӣ аз фурудгоҳи Колтсовои вилояти Свердловск эъзом шудаанд.

Вазири дифоъ Сергей Шойгу таътили худро мутаваққиф сохта ба Маркази миллии дифоъ дар маркази шаҳри Маскав омад ва аз он ҷо ҳар ним соат раиси ҷумҳур Владимир Путинро аз вазъ дар Омск ошно месозад. Вай комиссияи вижа барои таҳқиқи тахриби бинои хобгоҳро таъсис дод.

Комиссияи вазорати дифоъ дар раъси иҷрокунандаи фармондеҳи Нерӯҳои ҳавоиву чатрбозон (ВДВ) генерал Николай Игнатев ба маҳалли ҳодиса омада фаъолияти гурӯҳи таҳқиқотиро оғоз кард. Ба ин ҷо ҳамчунин раиси вилояти Виктор Назаров ташриф оварда ва дар чаҳорчӯби ситоди изтирорӣ умури наҷотро назорат мекунад.

 

 

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0