ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Афроди мусаллаҳи ношинос ба фурӯшгоҳе дар шаҳри фаронсавии Вилнев-ла-Гарен ворид шуда дар он ҷо ҷойгир шудаанд ва тибқи иттилоъи муқаддамотӣ дар маркази тиҷоратӣ ҳудуди 10 нафар қарор доранд.
"Феълан марказ комилан масдуд аст ва дар маҳалли ҳодиса маъмурони пулис умури худро анҷом медиҳанд", — гуфт ба хабарнигори РИА Новости намояндаи маркази тиҷоратии Quartz.
Ҳамла ба фурӯшгоҳи Primark дар маркази тиҷоратии Вилнев-ла-Гарен соати 06.30 ба вақти маҳаллӣ (09.30 дшб) рух додааст.
Ба навиштаи хабаргузории Франс Пресс бо истинод ба намояндаи ниҳодҳои интизомӣ "ҳудуди соати 07.00 субҳ яке аз аз кормандони фурӯшгоҳ ба дӯсти худ пайёмаке ирсол карда хабар медиҳад, ки аз сӯйи ду фарди мусаллаҳ гаравгон гирифта шудааст".
То ҳол иттилоъ дар бораи даъвои ҳамлагарон ба даст нарасидааст. Ба иттилоъи хабаргузорӣ, эҳтимолан сухан дар бораи дуздии мусаллаҳона меравад.