Бонки миллӣ ҳаққи “Матин” барои интиқоли арзро бозпас гирифт

© Flickr \ barkДолларҳои ИМА
Долларҳои ИМА - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муъассисаи қарзӣ алорағми муқаррароти Бонки миллии Тоҷикистон бидуни боз кардани суратҳисоби бонкӣ интиқоли маболиғи сокинон ба хориҷи кишварро анҷом медод.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Муъассисаи қарздиҳии кӯчаки "Матин" аз ҳаққи интиқолоти маболиғ ба арзи хориҷӣ ба далели нақзи пайвастаи муқаррароти қавонини бонкдорӣ маҳрум карда шуд, хабар медиҳад сомонаи Бонки миллӣ.

Бонки миллии Тоҷикистон муъассисаи қарздиҳии кӯчаки "Матин"-ро аз ҳаққи интиқолоти маболиғ ба арзи хориҷӣ маҳрум сохт, зеро ин ниҳод пайваста муқаррароти Бонки миллӣ нақз карда маболиғи сокинони кишварро ба хориҷа бидуни боз кардани суратҳисобӣ бонкӣ анҷом медод.

Муъассисаи қарздиҳии кӯчаки "Матин" дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст. Ин муъассиса 13,1 ҳазор нафар муштарӣ дошта 13 миллион сомонӣ ҳазина дорад. Дороиҳои қарзиии ин созмон 106,9 миллион сомонӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0