Дар Омск хобгоҳи низомиён тахриб шуда кушташудагон низ ҳастанд

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкТахриби боми маркази оӯмзишии низомӣ дар вилояти Омск
Тахриби боми маркази оӯмзишии низомӣ дар вилояти Омск - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тахриби яке аз қисматҳои хобгоҳи чаҳортабақаи низомӣ соати 19:52 бо вақти Маскав дар пойгоҳи низомӣ дар шаҳраки Светлийи Омск рух дод.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар пайи тахриби хобгоҳи низомии маркази омӯзишии Нерӯҳои ҳавоиву чатрбозони Русия дар ҳаволии шаҳри Омск дувоздаҳ нафар кушта ва 19 нафари дигар дар бемористонҳо қарор доранд, хабар медиҳад маркази матбуотии вазорати дифоъи Русия.

Тахриби деворҳои миёнтабақии хобгоҳи чаҳортабақа дар шаҳраки низомӣ дар минтақаи Светлий соати 19:52 ба вақти Маскав замоне рух дод, ки дар он 337 низомӣ хуфта буданд. 38 нафари онҳо зери харобаҳо мондаанд.

"То соати 06:00 субҳи 13 июл аз зери харобаҳо 31 нафар низомӣ берун кашида шуда аз онҳо 12 нафар ҷони худро аз даст додаанд 19 нафари дигар дар муассисоти табобатӣ қарор доранд", — гуфт намояндаи расмии вазорати дифоъи ФР генерал-майор Игор Конашенков.

Ҳамон гуна як манбаъ дар ниҳодҳои изтирории шаҳр ба РИА Новости гуфт, "табақаи насбӣ яз ошёнаи чорум то якум дар қисмати марказии бино дар фосилаи ду тиреза тахриб шуданд".

Ба маҳалли тахрибшуда гурӯҳҳои пизишкӣ аз бемористони низомии Бурденко, Вишневский ва Мандрика бо духтурони дараҷаи олӣ бо таҷҳизоти вижа ва ҳамчунин гурӯҳи махсуси  пизишкии Минтақаи марказии низомӣ ва панҷ гурӯҳи пизишкӣ аз фурудгоҳи Колтсовои вилояти Свердловск эъзом шудаанд.

Вазири дифоъ Сергей Шойгу таътили худро мутаваққиф сохта ба Маркази миллии дифоъ дар маркази шаҳри Маскав омад ва аз он ҷо ҳар ним соат раиси ҷумҳур Владимир Путинро аз вазъ дар Омск ошно месозад. Вай комиссияи вижа барои таҳқиқи тахриби бинои хобгоҳро таъсис дод.

Комиссияи вазорати дифоъ дар раъси иҷрокунандаи фармондеҳи Нерӯҳои ҳавоиву чатрбозон (ВДВ) генерал Николай Игнатев ба маҳалли ҳодиса омада фаъолияти гурӯҳи таҳқиқотиро оғоз кард. Ба ин ҷо ҳамчунин раиси вилояти Виктор Назаров ташриф оварда ва дар чаҳорчӯби ситоди изтирорӣ умури наҷотро назорат мекунад.

Баъд аз тахриби бинои хобгоҳ дар Омс Шойгу дастур дод, ки куллияи муассисоти бозсозишуда дар шаҳраки низомии Омск бозрасӣ шаванд.

Бозсозӣ дар хобгоҳи маркази омӯзишии 242-ро ба иттилоъи Спетстрой ширкати "Ремэксстрой" аз шаҳри Нижний Новогород анҷом додааст. Ин ширкат низомҳои иртибототӣ, фаршҳову бомро бозсозӣ карда тирезаҳоро иваз кардааст, вале тағйири сохти бино анҷом нашудааст. Манбаъи РИА Новости дар ниҳодҳои изтирории минтақа хабар дод, ки нақзи муқаррароти навҳаи бозсозӣ яке аз омилҳои аслии тахрибшавӣ аст. Ба гуфтаи вай ин бино наздики соли 2013 бунёд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0