Ҳавопаймоҳои Қазоқистону Қирғизистон аз “феҳрасти сиёҳ” ихроҷ нашуданд

CC BY-SA 2.0 / ERIC SALARD / P4-SOMҲавопаймои "Сомон Эйр". Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои Сомон Эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба “феҳрасти сиёҳ”-и Комиссияи аврупоӣ ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудаанд, ки аз онҳо танҳо ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ба Аврупо парвозҳо анҷом медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Комиссияи Аврупоӣ феҳрасти ширкатҳои ҳавоии ғайриэътимодро таҷдид кард ва ба он ширкатҳои ҳавоии ҳамсоягони наздики Тоҷикистон — Қирғизистон, Афғонистон ва Қазоқистон ҳамчунон ворид шудаанд, хабар медиҳад сомонаи Комиссия Аврупоӣ.

Ширкатҳои ҳавоии ҳамсоягони наздики Тоҷикистон беш аз 5 сол аст, ки дар "феҳрасти сиёҳи" Комиссияи Аврупоӣ қарор доранд ва парвози ҳавопаймоҳои онҳо дар фарози Аврупо мамнӯъ мебошад.

Ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ба гунаи ним соли қабл аз ин амр эмин мондаанд, аммо бо вуҷуди ин ҳамлкунандагони тоҷик барои анҷоми парвозҳо ба кишварҳои аврупоӣ талош намекунанд. Эҳтимол дорад ин амр ба меъёрҳои баланди Назорати аврупоии амнияти парвозҳо мебошад, ки ба куллияи ширкатҳои парвозкунанда ба Аврупо иртибот дорад.

Феълан танҳо як парвози ширкати "Сомон Эйр" — Душанбе-Франкфурти Олмон вуҷуд дорад, ки дар як ҳафта шаш маротиба бо як навъи ҳавопаймо — Boeing 739 анҷом мешаванд. Ба ҷуз аз ин ҳеҷ яке аз ширкатҳои ҳавоии аврупоӣ ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом намедиҳад.

Намо аз дохили ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои ҳавоии Русия аз парвозҳо ба Тоҷикистон худдорӣ карданд

Ба феҳрасти ҷадиди ширкатҳои ҳавоии мамнуъ-ул-парвоз беш аз 300 ширкати ҳавоӣ аз кишварҳои мухталиф шомил шудаанд. Дар миёни онҳо 4 ширкати ҳавоӣ аз Афғонистон, 13 аз Ангола, 6 ширкат аз Бенин, 21 ширкати ҳавоӣ аз Конго, 59 ширкати ҳавоӣ аз Индонезия ҳастанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 19 ширкати ҳавоӣ аз Қазоқистон ва 13 ширкат аз Қирғизистон қарор доранд. Дар "феҳрасти сиёҳ" ҳамчунин ширкатҳои ҳавоӣ аз Непал, Мозамбик, Ливия. Сера Лионе, Судан ва кишварҳои дигар ҳузур доранд.

Дар чаҳорчӯби ин феҳраст Комиссияи Аврупоӣ ва Назорати Аврупоӣ ба бархе аз ширкатҳои иҷозаи парвозҳо додааст. Дар миёни онҳо ширкати "Эйр Астана" (Қазоқистон) ва ширкати эронии "Эрон Эйр" ҳастанд. Ба ин ширкатҳои ҳавоӣ парвозҳо ба кишварҳои аврупоӣ танҳо тавассути ҳавопаймоҳое дода шудааст, ки аз назорати аврупоӣ гузаштаанд.

Дар Назорати Аврупоӣ тавзеъ доданд, ки ба "феҳрасти сиёҳ" ширкатҳои ҳавоие шомил шудаанд, ки ба риояи муқаррароти байналмиллалии амнияти парвозҳо қодир нестанд ва ё ниҳодҳои миллии парвозҳои ҳавоӣ наметавонанд амнияти назорати парвозҳоро таъмин кунанд. Дар ин созмон изҳори умедворӣ карданд, ки чунин амр имкон медиҳад, ки мусофирон дар куллияи ҷаҳон ширкатҳои ҳамлкунандаи боэътимодро интихоб кунанд.

Комитети амнияти парвозҳои Комиссияи Аврупоӣ аз коршиносони ҳар яке аз 28 кишвари узви ИА ва ҳамчунин аз Норвегия, Исландия, Швейтсария ва Агентии аврупоии амнияти ҳавоӣ иборат аст.

Феҳрасти ширкатҳои ҳавоии мамнӯъ-ул-парвоз аз соли 2006 бад ин сӯ соле се маротиба таҳия мешавад.

Лентаи хабарҳо
0