ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Як сокини 36-солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ки дар қатли ҳамсараш муттаҳам мешавад, аз сӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шудааст, менависад сомонаи ин ниҳод.
Ба навиштаи сомона, боздоштшуда соати 12:30 дақиқаи рӯзи 9-уми июл дар пайи муноқишаи оилавӣ синаи ҳамсари 30-солаашро бо корди хоҷагидорӣ чок кардааст. Ҳамсар дар ҷои ҳодиса фавтидааст, хабар медиҳад сомона.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, тафтиши парванда алайҳи шавҳар идома дорад.
Дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки дар пайи муноқишаҳои хонаводагӣ ҳамсарон аз сӯи шавҳарон кушта мешаванд. Дар моҳҳои гузашта чандин мавриди бо табару корд ба қатл расонидани ҳамсарон аз сӯи шавҳарон мушоҳида шудааст.