Маскав аз муҳоҷирони кории тоҷик як миллиард рубл ба даст овард

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкАтбоъи хориҷӣ дар навбати сабти ном. Акс аз бойгонӣ
Атбоъи хориҷӣ дар навбати сабти ном. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Будҷаи пойтахти Русия дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби пардохти арзиши муҷаввизи ҳармоҳаи корӣ барои атбоъи хориҷӣ ба маблағи 3,5 миллиард рубл ғанӣ шудааст, ки сеяки ин маблағро муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон пардохт кардаанд.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Муҳоҷирони кории тоҷик будҷаи Маскавро ба маблағи беш аз як миллиард рубл тавассути пардохти қиммати ҳармоҳаи муҷаввизи кор дар ним соли ахир ғанӣ кардаанд, хабар медиҳад сомонаи "Русия барои ҳама".

Ин оморро рӯзи панҷшанбе бахши сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳрдории пойтахт ироъа кард.

Дар ин муддат ба Маркази гуногуннавҳаи муҳоҷирон (МГМ) аз атбоъи хориҷӣ беш аз 300 ҳазор дархости дарёфти муҷаввиз ворид шуда 296 ҳазор ироъа шудаанд ва 15 ҳазор дигар омодаи ироъа аст.

Тафтиши шиноснома дар фурудгоҳ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд

"Аз миёни муроҷиъакунандагони МГМ барои дарёфти муҷаввиз атбоъи кишварҳои зерин ҳастанд: Ӯзбекистон (36,9%), Тоҷикистон (31,8%), Молдова (14,4%), Украина (10,9%), Қирғизистон (3,5%) ва Озарбойҷон (2,5%)", — омадааст дар хабари ин раёсат.

Ба ҷуз аз ин соҳиби муҷаввиз муваззаф аст, ки ҳар моҳ барои моҳи оянда аз қабл пардохт кунад ва ҳар як минтақа дар баробари арзиши федеролии ин муҷаввиз қиммати худро муқаррар мекунад. Ба унвони мисол дар Маскав ва вилояти Маскав қиммати муҷаввизи ҳармоҳа дар соли 2015 чаҳор ҳазор рубл муқаррар шудааст.

"Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби андозҳои афроди ҷудогонаи хориҷӣ ба будҷаи Маскав ҳудуди 3,5 миллиард рубл ворид шудааст. Ин маблағ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди ду баробар бештар аст", — омадааст аз омори идораи муҳоҷират дар шаҳри Москав.

Агар ба инобат бигирем, ки сеяки куллияи дархостҳо барои дарёфти муҷаввиз аз шаҳрвандони Тоҷикистон (ҳудуди 95 ҳазор) ворид шудааст, пас эҳтимол дорад, ки ҳудуди 1,1 миллиард аз маблағи умумии воридшуда ба будҷаи пойтахт дар шаш моҳи соли 2015 аз сӯйи муҳоҷирони кории тоҷик пардохт шудааст.

Ҳамчунин дар МГМ аз забони русӣ, таърих ва асоси қавонини ФР санҷишот қабул мекунанду асноди таъйиди ин имтиҳонот, ки барои дарёфти муҷаввиз зарур аст, ироъа мекунанд.

Ба ин тартиб, дар ним сол донишҳои 155 ҳазор атбоъи хориҷӣ санҷида шуда ҳудуди 30 ҳазор нафари онҳо натавонистаанд санҷишотро бисупоранд.

Бозрасии пизишкиро дар қаламрави МГМ беш аз 62 ҳазор нафар муҳоҷирон гузаштаанд ва дар 2,5 ҳазор нафари онҳо бемориҳои мухталиф ошкор шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0