ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди дорои ҳаққи судури фатво дар Тоҷикистон, ки қарор буд он ҷо санаи Иди фитр дақиқ шавад, ба таъхир афтодааст, менависад хабаргузории "Озодагон".
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои кишвар рӯзи 10 июл дар намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфтааст, ҷаласаи онҳо барои дақиқ кардани Иди фитр ҳафтаи оянда баргузор хоҳад шуд.
Ба таъкиди Абдулқодирзода, ин ҷаласа ба рӯзи 13 июл гузошта шудааст. Дар ҳоле ки қарор буд дирӯз, 9 июл баргузор шавад.
"Рӯзи дақиқи Иди фитрро баъд аз ҷаласаи Шӯрои уламо тавассути телевизиону радио ва расонаҳо ба самъи Шумо хоҳем расонид", — зикр кардааст ҷаноби Абдулқодирзода.
Раиси Шӯрои уламо рӯзи 7-уми июл зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфта буд, имсол тоҷикистониён 29 рӯз рӯза мегиранд. Ба қавли Абдулқодирзода, барои муайян кардани санаи дақиқи Иди фитр Маркази исломӣ комисияи вижа ташкил кардааст ва ҳамчунин хулосаи пажуҳишгоҳи Астрофизикаи академияи улуми Тоҷикистонро низ гирифтааст.
Тибқи изҳороти қаблии муфтӣ, Рамазон, ки имсол 18-уми июн фаро расид, 16-уми июл поён хоҳад ёфт. Дар назар аст, тоҷикистониён Иди Саиди Фитрро 17-уми июл таҷлил кунанд.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.