“Тоҷикстандарт”: “Ветаминчик”-и чинӣ зиёновар аст

© Sputnik / Игорь ЛекаркинБинои Агентии "Тоҷикстандарт". Акс аз бойгонӣ
Бинои Агентии Тоҷикстандарт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси тозатаъйини Агентии “Тоҷикстандарт” Ибодулло Қурбониён гуфтааст, “Витаминчик”-и чинӣ номаълум бо кадом тариқ вориди кишвар мешавад.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ибодулло Қурбониён, раиси тозатаъйини Агентии "Тоҷикстандарт"-и Тоҷикистон аз воридоти маҳсулоти чинии "Ветаминчик", навъи шириние барои кӯдакон, шадидан ибрози нигаронӣ кард, менависад хабаргузории "Озодагон".

Ҷаноби Қурбониён рӯзи 10 июл дар нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе гуфт, ин маҳсулоти чинӣ, ки аз он кӯдакону наврасони тоҷик зиёд истеъмол мекунанд, ғайристандартӣ мебошад.

Ба гуфтаи вай, Агентии "Тоҷикстандарт"-и Тоҷикистон ҳудуди 7 ё 8 сол мешавад, зидди воридоти ин навъи маҳсулоти чинӣ ба кишвар мубориза мебарад, вале бенатиҷа аст.

"Ҳудуди 7 — 8 сол мешавад мубориза мебарем, аммо натавонистем ҷилави воридоти онро гирем", — афзудааст Қурбониён.

Ин маҳсулоти чинӣ ба Тоҷикистон дар ҳоле ворид мешавад, ки раиси тозатаъйини Агентии "Тоҷикстандарт"-и кишвар мегӯяд, "мо ҳайронем, ки ин чӣ гуна ба Тоҷикистон ворид мешавад, чун агар бо роҳи қонунӣ ҳам хоҳанд, мо барои воридоти он иҷоза нахоҳем дод".

Ӯ дар идома аз падару модар дар кишвар даъват кард, ки аз харидории ин навъи маҳсулоти чинӣ барои фарзандони худ худдорӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0