ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба тамриноти таълимӣ дар Душанбе оғоз кард, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Тамриноти таълимии дастаи мунтахаби ҷавонон то 17 июл идома мекунад. Зимнан, рӯзи 16 июл шогирдони Салоҳиддин Ғафуров бо иштирокчии бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми КФО-2015, қаҳрамони футболи кишвар- дастаи "Истиқлол"вохӯрии санҷишӣ хоҳанд гузаронд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон моҳи октябри соли равон дар мусобиқаи футболи ҷавонони Осиё-2016 ширкат менамояд. Ҳарифони он Ироқ (2 октябр), Баҳрайн (4 октябр) ва Малдив (6 октябр) буда, сабқат дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.