Иқтисоди "сабз" ва нақлиётро Раҳмон асоси рушди устувор медонад

© Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонк9 июли 2015. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи БРИКС
9 июли 2015. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи БРИКС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон бунёди манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, аз ҷумла иншооти гидроэнергетикӣ, рушди иқтисоди аз ҷиҳати экологӣ бехатар, ки маъмулан иқтисоди сабзаш меноманд ва ҳамчунин фаъолияти бемонеаи шабакаҳои нақлиётӣ ва ҳамлу нақли миллию минтақавиро аз шартҳои асосии рушди устувори ҷаҳонӣ номид.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар Уфа иштирок ва суханронӣ намуд, менависад сомонаи райисҷумҳур.

"Бунёди манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, аз ҷумла иншооти гидроэнергетикӣ, рушди иқтисоди аз ҷиҳати экологӣ бехатар, ки маъмулан иқтисоди сабзаш меноманд  аз шартҳои асосии рушди устувори ҷаҳонӣ мебошанд",- иброз дошт Раҳмон.

Президенти ҶТ барои ширкат дар ҷаласаи СҲШ ба Уфаи ФР парвоз кард

Президенти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба мушкилу монеаҳои глобалӣ, ки садди роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини зиндагии мардум мегарданд, ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки  монеаъи асосӣ дар ин роҳ амиқ рафтани бӯҳрони озуқаворӣ, энергетикӣ, молиявию иқтисодӣ ва ҳамчунин гармшавии иқлими сайёра мебошад.

Имрӯз, 10 июл дар Уфа ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай  баргузор мегардад. Дар анҷоми нишаст қабули чанд санад дар назар аст: 11 ҳуҷҷати имзошаванда ва ду санади дигар.

Дар ҳоли ҳозир кишварҳои Русия Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон узвияти СҲШ-ро соҳиб буда, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Покистону Муғулистон мақоми нозири ин ташкилоти байналмилалиро доранд.   

Лентаи хабарҳо
0