Раиси Фарҳангистон: ҳамкорӣ бо ВАК-и Русия аз сар гирифта шуд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинБинои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба далели аз сар гирифтани ҳамкорӣ бо ВАК миқдори рисолаҳои дифоъшуда афзоиш ёфта ва то авохири соли ҷорӣ фаъолияти куллияи шӯроҳои маҳаллии дифоъи рисолаҳо оғоз мешавад, гуфт ба хабарнигорон раҳбари Фарҳангистони улуми Тоҷикистон.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Вазъияти дифоъи рисолаҳо ва шӯроҳои дифоъи рисолаҳои илмӣ дар муқоиса бо соли гузашта беҳбуд ёфтааст, гуфт раиси Фарҳангистон улум (Академияи улум) Фарҳод Раҳимӣ рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбӯъотӣ.

Қаблан комиссияи олии таъйиди рисолаҳои (ВАК) Русия ки масъули дифоъи рисолаҳо дар Тоҷикистон аст, фаъолияти даҳҳо шӯроҳои дифоъи рисолаҳоро ба далели мутобиқ набуданашон қатъ сохта буд.

Портфел - Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарони пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳоро иваз карданд

"Дар нисбати соли гузашта вазъияти шӯроҳои дифоъи рисолаҳо беҳтар шудааст. Мо иртиботот бо Комиссияи олии дифоъи Русия барқарор кардем, — зикр кард Раҳимӣ. — Дар соли ҷорӣ ду маротиба ҳайъатҳои онҳо ба Тоҷикистон сафар карданд. Дар натиҷа ҳоло 22 шӯрои дифоъи рисолаҳо, ки беш аз 60 бахшҳоро фаро мегиранд, фаъол шуданд".

Ба гуфтаи вай, аз авоили соли ҷорӣ 201 рисола (18 адади онҳо рисолаҳои докторӣ аст) дифоъ шуданд, ки аз миқдори соли гузашта дар маҷмӯъ бештар аст.

"Фаъолияти бархе аз шӯроҳо ҳамчун мавриди баррасии ВАК-и Русия қарор доранд. Вале то авохири соли ҷорӣ онҳо низ бояд ба фаъолият шурӯъ кунанд. Дар ин замина мо бо ҳамтоёни руси худ ҳамкорӣ дорем", — таъкид кард Раҳимӣ.

Дар нишасти матбӯъотӣ хабар дода шуд, ки нимсолаи аввал олимони Фарҳангистон 594 пажӯҳишро анҷом додаанд, ки аз он 44 пажӯҳиши илмӣ ва 550 матлаби илмӣ буда, 41 адади онҳо дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур мунташир шудаанд.

Олимон 7 муҷаввиз барои ихтироъот ва як гувоҳнома дар бораи сабти номи моликияти зеҳнӣ ба даст овардаанд.

Ниҳодҳои марбут ба Фарҳангистон 15 ҳамоиши илмӣ, аз ҷумла як ҳамоиши густурдаи байналмиллалӣ ва се ҳамоили илмии байналмиллалӣ баргузор кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0