БҶ: даромади сари аҳолӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи пойин қарор дорад

© AP Photo/Sergey PonomarevПирамарде дар як боғи Душанбе пули худро мешуморад. Акс аз бойгонӣ
Пирамарде дар як боғи Душанбе пули худро мешуморад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон тибқи арзёбии БҶ, ки дар ин кишвар даромади ҳар як сари аҳолӣ аз як то чаҳор ҳазор доллар аст, ба феҳрасти кишварҳои дорои даромади мутавассит шомил шудааст.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Даромади ҳар як сокини аҳолии Тоҷикистон аз 1 то 4 ҳазор доллари ИМА аст ва ин мизон яке аз пасттарин дар ҷаҳон мебошад, хабар медиҳад Маркази ахбори СММ бо истинод ба Бонки ҷаҳонӣ.

Ҳарчанд Тоҷикистон ба феҳрасти кишварҳои дорои даромади мутавассит шомил шудааст, вале дар ин гурӯҳ ҷойгоҳи охиринро касб мекунад.

"Тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ даромади ҳар як сокини кишвар феълан аз як то чаҳор ҳазор доллар мебошад", — омадааст дар хабар.

Ба ҷуз аз Тоҷикистон Бангладеш, Кения ва Мянма низ аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки тавонистаанд даромади сокинони худро то мизони мутавассит боло бубаранд.

Дафтари марказии Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БҶ баТоҷикистон наҳваи ҷадиди мушшахассозии мизони фақрро меомӯзад

Ба иттилоъи Бонки ҷаҳонӣ дар авохири соли 2014 даромади ҳар як сокини Тоҷикистон муъодили $1060 ва ҷумҳурӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил аст, ки даромадаи сокинонаш пойинтар аз мизони мутавассит буд.

Тибқи муқарарроти 1 июли соли 2013, ки аз сӯйи Бонки ҷаҳони мушаххас шудааст, наҳваи муқаррарсозии даромади сокинони нисбати тавлидоти нохолиси кишвар барои ҳар як сокин чунин аст:

Кишварҳои дорои даромади пойин: $1 035 ва камтар аз он

Кишварҳои дорои даромади мизони мутавассит: $1 036 — $4 085

Кишварҳои дорои даромади бештар аз мизони мутавассит: $4 086 — $12 615

Кишварҳои дорои даромади баланд: $12 616 ва бештар аз он

Лентаи хабарҳо
0