Навгонӣ аз ММТ: дар бораи натиҷаи имтиҳонот ба довталаб паёмак мефиристанд

Обуна шудан
Соли равон ба марокизи қабули довталабон дар Тоҷикистон 73 ҳазор довталаб ҳуҷҷат супоридааст, ки ин дар қиёс ба як соли пеш 16 ҳазор нафар бештар аст.

Соли дуввум аст, ки дар Тоҷикистон довталабони донишгоҳу донишкадаҳо низоми нав имтиҳон месупоранд. Барои комилан фаро гирифтани ҳамаи довталабон ба маросими имтиҳонот дар 15 шаҳру навоҳии кишвар  41 маркази имтиҳонотӣ таъсис ёфтааст, ки онҳо то 12 июл фаъолият хоҳанд кард.

Мутобиқи низоми ҷадиди имтиҳонсупорӣ он дар ду марҳила- аз 1 то 6 июл аз рӯйи компоненти "А"(қисмати умумӣ-базавӣ), ки фанҳои забони тоҷикӣ, риёзӣ ва таърихро дарбар мегирад ва аз 7 то 12 тибқи компоненти "Б" (имтиҳон аз тахассуси интихобшуда) сурат мепазирад.

Натиҷаи имтиҳонот, тавре дар Маркази миллии тестӣ қайд карданд, мутобиқи холҳо (баллҳо) баҳогузорӣ мешавад. Дар қисмати "А" натиҷаи беҳтарини имконпазир- 200 балл ва дар компоненти "Б"- 300 балл мебошад. Натиҷаи умумии беҳтарин — 500 имтиёз эълом гардидааст.

Натоиҷи имтиҳонот рӯзи 25 июл эълом мегарданд.

 

Лентаи хабарҳо
0