ДУШАНБЕ, 9 — Sputnik. Дар Уфа, ки дар он ҷо ҳамоиши БРИКС оғоз ба кор кард, рӯзи чаҳоршанбе мулоқоти дуҷонибаи раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо раҳбарони кишварҳои узви ин созмон баргузор шуд: бо раиси Чин Си Ҷинпин, нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ ва раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума ва раиси ҷумҳури Бразилия Дилма Руссефф.
Раҳбарони Русия ва Чин мавзӯъоти сармоягузории Чин ба иқтисоди Русия ва ба ҳам омадани масоили мавриди назари ИАИ ва қамарбанди иқтисодии "Роҳи абрешим", бо Мдӣ Путин мавзӯъи пайвастани Ҳинд ба СҲШ ва сафари навбатии нахуствазири Ҳинд ба ФР ва дар дидори
Ҳамоишҳои БРИКС ва СҲШ дар пойтахти Башқордистон 8-10 июл баргузор шуда дар ин ду созмон Русия раҳбарӣ мекунад. Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ шомили БРИКС мебошанд. Дар суфуфи СҲШ Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарор доранд. Муғулистон, Ҳинд, Эрон, Покистон ва Афғонистон аз мақоми нозир дар ин созмон бархурдоранд. Дар моҳи сентябри соли 2014 Покистон ва Ҳинд расман дархости узвият дар СҲШ карда буданд.
Ба Уфа алаккай ҳамаи раҳбарони кишварҳои узви БРИКС ва бархе аз раҳбарони кишварҳои узви СҲШ ворид шудаанд.