Эрон хостори ширкати Лавров аснои эъломи қарори “ҳастаӣ” мебошад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСергей Лавров. Акс аз бойгонӣ
Сергей Лавров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Русия ҷиҳати ширкат дар ҷаласоти БРИКС ва СҲШ, ки қарор аст рӯзи 10 июл ба анҷом расанд, Венаро тарк кард.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Теҳрон чунин меҳисобад, ки созишнома бо "шашгона" дар ҳузури ҳамаи вазирони умури хориҷаи шаш кишвари дахил, аз ҷумла сарвари идораи хориҷии Русия Сергей Лавров эълом гардад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба як мақоми баландпояи ҳайати эронӣ.

"Барои мо хеле муҳим аст, агар дар вақти эъломи созишнома оқои Лавров ин ҷо мебуд. Ман фикр мекунам, барои ӯ низ ҳузур доштанаш аснои имзои мувофиқатнома хеле зарур аст, агар ин кор сурат бигирад",- иброз доштааст манбаъ аснои сӯҳбат бо хабаргузорӣ.

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ва ҳамтои чиноии ӯ Ван И айни замон дар Уфа, дар саммити БРИКС ва СҲШ ширкат доранд. Интизор меравад чорабиниҳо рӯзи 10 июл ба анҷом расанд.

Қаблан манобеъи РИА Новости аз ҳайати намояндагони мухталифи Вена гуфта буданд, ки созишнома рӯзи 9 июл ба имзо мерасад. Созишномаи Лозанна, ки чорчӯби тавофуқоти ҳастаиро бо Эрон муайян мекунад, дар ғайби вазирони умури хориҷаи Русия ва Чин пешниҳод гардидааст.

 

Лентаи хабарҳо
0