Фаъолшавии маркази генетикӣ дар моҳи сентябр дар назар аст

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкДар беморхона
Дар беморхона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази нав имкон медиҳад, ки мутобиқати генетикии ҷуфти хонадоршаванда, имкони таваллуди фарзанди солим ва ё иллати фарзанд дар батни модар санҷида шавад.

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Имрӯз, чаҳоршанбе аснои нишасти матбуотӣ вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода гуфт,  то моҳи сентябри соли равон дар кишвар Маркази ташхиси генетикӣ фаъол хоҳад шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.

Ба гуфтаи масъулини Вазорати тандурустӣ Маркази нав имкон медиҳад, ки мутобиқати генетикии ҷуфти хонадоршаванда, имкони таваллуди фарзанди солим ва ё иллати фарзанд дар батни модар санҷида шавад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, лоиҳаи "Тартиби гузарондани муоинаҳои тиббӣ пеш аз издивоҷ"-ро таҳия карда, барои мувофиқа бо дигар ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод кардааст. Дар сурати тасвиби ин санад ташхиси генетикӣ ва санҷиши дигар бемориҳо, аз ҷумла СПИД, гепатит ва маризиҳои ҷинсӣ барои ҷуфти хонадоршаванда ҳатмӣ хоҳад шуд.

Дар нишасти матбуотӣ вазир афзуд, ҳоло дар Тоҷикистон 7 ҳазору 142 нафар гирифтори бемории СПИД мебошанд, ки аз он 88 нафарашро занони ҳомила ташкил медиҳанд.

 

Лентаи хабарҳо
0