Ширкатдорони чорабинии таҳти унвони "Якҷоя хурсандона қадам мезанем" кӯдакону бузургсолон гардиданд, ки онҳо бо намунаи худ нишон доданд: имконоти маҳдуди онҳо барои расидан ба аҳдофашон мавонеъ эҷод намекунад.
Рақс, мусиқӣ, варзиши сабук ва вазнин, шоҳмотбозӣ, волейбол, расмкашӣ аз ҷумлаи он бозиҳое ҳастанд, ки одамонро муттаҳид месозанд. Маҳз ҳамин мақсади асосии мубтакирони чорабинӣ буд.