ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҳунарманди саршиноси Ҳолливуд Памела Андерсон бо номаи саркушод унвонии Владимир Путин муроҷиат карда хостааст, ки аз ҳаракати киштие ҷилавгирӣ кунад, тавассути масири баҳри Шимолӣ аз Исландия ба Ҷопон гӯшти финвалро интиқол мекунад.
Нома дар сомонаи созмони SEA Shepherd мунташир шудааст.
Андерсон, ки ҳамзамон фаъоли ҳифзи муҳити зист ва ҳуқуқи ҷонварон аст, навиштааст, ки ҳудуди 1700 тонна гӯшти финвал, ки ҳомили киштии Winter Bay аст, ҷонварест аз "пайвандони" наҳанги кабуд, ки дар авосити қарни гузашта комилан нобуд карда шудаанд.
Шикори финвалҳо аз соли 1982 мамнӯъ шудааст, аммо дар соли 2006 Исландия худсарона шикори тиҷории ин ҷонваронро аз сар гирифт.
Киштии Winter Bay, ки дар Сент-Китс ва Невисе сабти ном шудааст, феълан дар назди соҳилоти Норвегия қарор дошта беҳбуди вазъи ҳаво барои убур аз Уқёнуси яхбастаи шимолиро интизор мебошад. Қаблан ба ин киштӣ убур аз наҳрҳои Суэтс ва Панама мамнӯъ карда шуд, зеро вай маҳсулотеро интиқол медиҳад, ки Муқаррароти байналмиллалии манъи тиҷорати анвоъи нодири муҳити зист ва анвое, ки дар ҳолати нопадидшавӣ қарор доранд, нақз кардааст.