ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҳукумати Афғонистон ва "Толибон" дар Исломобод музокирот карданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Синхуа.
"Покистон ба унвони ҷузъе аз муваззафоташ барои дастрасӣ ба сулҳ дар Афғонистон мизбони музокироти ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши "Толибон" шудааст", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханони намояндаи ВКХ Покистон.
Ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки ба ин раванд "бо итминон ва самимияти комил ҳозир мешаванд", то ба сулҳи дарозмуддат дар минтақа даст ёбанд.
"Барои Покистон ва Афғонистон сулҳу суббот зарур аст ва ҳар ду ҷониб ин нуктаро дарк мекунанд. Интизориҳои Покистон зиёд аст ва ба ин далел мо ба раванди музокирот мусоъидат мекунем", — гуфт муъовини вазири корҳои хориҷии Покистон Халил Ҳикмат Карзаи.
Ба иттилоъи расонаҳо музокирот баъд аз анҷоми моҳи Рамазон идома меёбанд.
Музокироти моҳи май дар Қатар натоиҷи чашмрасе ба дунбол надоштанд.