Кашфу мусодираи беш аз 11 кило нашъа аз ҷониби кормандони милиса

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкҲашиш. Акс аз бойгонӣ
Ҳашиш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни баргузории ду амалиёти махсуси кормандони ВКД дар гӯшаву канори кишвар беш аз 11 килограмм маводи мухаддир дарёфту мусодира гардидааст.

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марди 49-солаи сокини ин минтақа бо гумони даст доштан дар қочоқи нашъа боздошт гардид, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

Н ашъа. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кашфу мусодираи қариб 9 кило нашъа дар Тоҷикистон дар як рӯз

"Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 10 килою 280 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд",-омадаст дар хабари сарчашма.

Манбаъ меафзояд, рӯзи гузаштаи 7 июл кормандони милитсия дар дидбонгоҳи воқеъ дар деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз нақлиёти  «Тойота-Ландкрузер»-ро манъ карданд."Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили кисаи шими мусофири автомашинаи мазкур, марди 29-солаи сокини ноҳияи Шуғнон 965 грамм маводи нашъадори сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд".

Нисбати ҳар ду далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.   

 

Лентаи хабарҳо
0