Бонки миллӣ андозаи ҳадди аққали сармояҳои бонкиро тағйир дод

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ин ба баъд ҳар ташкилоти қарзии хурде, ки созмон дода мешавад, бояд дар сармояи худ 6 миллион сомонӣ дошта бошанд, то ки сабти ном шаванд.

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бонки миллӣ андозаи ҳадди аққали сармояи бонкҳои хурди амонатиро барои беҳтар намудани фаъолияти онҳо ба 6 миллион сомонӣ баробар кард, навиштааст сомонаи ин бонк.

Ин маблағ то кунун камтар аз андозаи 6 миллион сомонӣ буд. Раёсати Бонки миллӣ бо ҳадафи самаранокӣ ва тавонмандии фаъолияти ташкилоти амонатии қарзии хурд тағйирот ворид намуд ва бар асоси он, барои ташкилоти амонатии қарзии хурди тозатаъсис андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавии онҳоро ба маблағи 6 миллион сомонӣ муқаррар кард.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон 200 кормандашро ихтисор мекунад

Ин ба маъноест, ки агар афроде, ки қасди таъсиси ташкилоти қарзии хурд (бонки амонатии кӯчак)-ро доранд, бояд дар сармояи худ ҳамин миқдор пул дошта бошанд, то ки сабтином шаванд.

Бонки милии Тоҷикистон бо назардошти аз фаъолият мондани ташкилоти хурди қарзӣ бо сабаби нокифоя будани сармояи онҳо, мехоҳад бовар ҳосил кунад, ки бонки амонатии қарздиҳии ҷадид тавонмандии молӣ дошта бошад. Бонки милии Тоҷикистон мегӯяд, барои ташкилоти қарзие, ки алъон фаъол ҳастанд, бо қарори худ андозаи ҳадди ақали сармояи онҳо то моҳи сентябри соли равон ба се миллион сомонӣ ва то марҳилаи моҳи январи соли 2016 ба чор миллиону панҷсад ҳазор сомонӣ ва то моҳи апрели соли оянда ба шаш миллион сомонӣ баробар мешавад.

Ҳамчунин бо қарори дигари Бонки миллӣ аз 28 майи соли равон "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд" тағйирот ворид карда шуд, ки дар асоси он барои ташкилоти қарзии хурди навтаъсис андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавӣ ба маблағи 4 000 000 (чор миллион) сомонӣ муқаррар карда шудааст. Яъне ташкилоти қарзии хурди тозатаъсис бояд дар сармояи худ чор миллион сомонӣ дошта бошад ва бо назардони ин имконият ин ташкилот сабти ном хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0