Озодӣ: маҳбуси хатарноки фирорӣ аз зиндони Қӯғонтеппа боздошт шуд

© Sputnik / Шлей / Гузариш ба медиабонкЗиндон. Акс аз бойгонӣ
Зиндон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷинояткори хатарнок, ки барои 23 сол ба зиндон маҳкум шуда буд, аз маҳбас фирор кард, вале дар тӯли як шабонарӯз аз сӯйи кормандони милитсия боздошт шуд.

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҷинояткори хатарнок Баҳрулло Шарифовро, ки аз зиндони Қӯрғонтеппа фирор карда буд, кормандони милитсияи ноҳияи Ваҳдат рӯзи якшанбеи гузашта боздошт карданд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

"Маҳбуси фирорӣ ба кормандони Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон таслим карда шуд", — менависад расона.

Як манбаъи радио дар зиндони Қӯрғонтеппа бо шарти зикр нашудани исмаш хабар дод, ки то замони боздошти фирорӣ дар Ваҳдат маъмурияти зиндон дар бораи фирор кардани ин маҳбус иттилоъ надоштанд.

Ба гуфтаи манбаъи Озодӣ, 4 июл ба ҳангоми сайругашти маҳбусон Шарифов бо истифода аз калиди изофӣ дар боғоҷдони мошини хусусии мудири зиндон пинҳон мешавад. Сипас вай зимни ҳаракати мудир ба самти манзилаш махфигоҳи худро тарк кардааст.

Ҷинояткор ба озодӣ расида ба самти ноҳияи Ваҳдат меравад ва дар он ҷо аз сӯйи кормандони милитсияи маҳаллӣ боздошт мешавад.

Баҳрулло Шарифов, ки қаблан барои 11 сол равонаи зиндон шуда буд, соли 2014 тибқи қонуни афв озод шуда буд, вале худи ҳамон сол барои қатл дубора барои 23 сол равонаи зиндон шуд.

Ба навиштаи расона Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон то ҳол ин ҳодисаро ҳеҷ шарҳ намедиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0