ВАО: ба Ашқобод 12 ҷасади сарбози кушташударо оварданд

Обуна шудан
Низомиёни Туркманистон дар пайи ташаннуҷи авзоъ дар марз бо Афғонистон хисорот мебинанд ва нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ эъломи даъват кардааст.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дувоздаҳ ҷасади низомиён 26 июн аз Тагтабозор, ки дар наздикии марзи муштараки Туркманистону Афғонистон воқеъ аст ба Ашқобод мунтақил шудаанд, хабар медиҳад "Хроника Туркменистана".

Ба навиштаи расона, кушташудагон дар воҳидҳои низомӣ дар ин минтақа ифои хизмат мекарданд.

"Ба иттилоъи мо чаҳор нафар аз онҳо афсарон буданду боқимонда аскарони хидмати низомӣ будаанд, аз он ҷумла онҳое, ки бояд то авохири моҳи июн аз хидмати низомӣ озод мешуданд", — омадааст дар матлаб.

Афсари афғон аз тирезаи чархбол назорат мекунад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷангиёни хориҷӣ дар шимоли Афғонистон таҷаммуъ мекунанд

Нашрия зикр мекунад, ки интиқоли низомиён ба минтақаи марзи ду кишвар идома дорад ва дар мобайни моҳи гузашта ба Тагтабозор ҳудуди 40 нафар наваскароне, ки омӯзиши шашмоҳа дидаанд, оварда шуда буданд.

Қаблан расонаҳо бо истинод ба мақомоти Афғонистон дар бораи таҷаммӯъи ҷангҷӯён, аз ҷумла ҷонибдорони "Давлати исломӣ", дар манотиқи шимолии Афғонистон ва ҳаммарз хабар дода буданд.

Сипас гузориш шуд, ки даъвати феълии умумии нерӯҳои мусаллаҳи Туркманистон бузургтарин дар 24 соли ахир аст.

Лентаи хабарҳо
0