Бонки миллӣ тавассути музояда зиреҳпӯшҳои худро ба фурӯш мегузорад

© Официальный сайт НБТМошини вижаи Бонки миллии Тоҷикистон
Мошини вижаи Бонки миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мошинҳои вижа барои интиқоли маводҳои арзишнок танҳо ба муъассисоти молии кишвар ва мошинҳои сабукрав барои ҳамаи алоқамандон дастрас мешаванд.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Музоядаи фурӯши мошинҳои вижаи Бонки миллии Тоҷикистон идома дорад, хабар медиҳад сомонаи танзимгари молӣ.

"Моликияти БМТ бо нархҳои муносиб фурӯхта шуда пардохти маблағи онҳо ба сурати нақдӣ ва ғайринақдӣ имконпазир аст", — омадааст дар хабар.

Тибқи шароити музояда мошинҳои зиреҳпӯшро танҳо муъассисоти молии кишвар метавонанд харидорӣ кунанд, вале соҳиби мошинҳои сабукрав метавонанд куллияи алоқамандон шаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи фурӯши мошинҳои худ моҳе қабл хабар дода буд.

Аз ин пеш танзимгари молии кишвар хабареро тавзеъ дод, ки дар аз тасмими коҳиши 20% теъдоди кормандон (197 нафар) ба манзури беҳбуди фаъолияти БМТ ва боло бурдани маоши кормандон аз ҳисоби тақсими кормандони барканоршуда огаҳӣ дода шуда буд.

Ҳамзамон кормандони бокимонда барои таъйиди салоҳияти ҳирфаии худ бояд аз таъйиди салоҳият бигзаранд.

Лентаи хабарҳо
0