Раҳбарони “шашгона”-и ВКХ дар Вена вомехӯранд

© МИД России / Гузариш ба медиабонкШаш кишвари миёнарав (Британияи Кабир, Олмон, Чин, Фаронса, Русия, ИМА) дар масъалаи барномаи ҳастаии Эрон
Шаш кишвари миёнарав (Британияи Кабир, Олмон, Чин, Фаронса, Русия, ИМА) дар масъалаи барномаи ҳастаии Эрон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарварони мақомоти дипломатии кишварҳои узви “шашгона”, ки ба ҳайси миёнарав дар гуфтушунидҳоо оид ба барномаи ҳастаии Эрон ширкат мекунанд, ба ҳамоҳангсозии мулоқотҳояшон дар Вена шурӯъ намуданд.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Роҳбарони шаш Вазорати умури хориҷаи кишварҳои миёнҷӣ дар масъалаи барномаи ядроии Эрон ба ҳамоҳангсозии амалкардашон оғоз намуданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба як манбаъ дар доираҳои дипломатӣ.

"Гуфтушуниди вазирон оид ба барномаи ҳастаии Эрон дар Вена рӯзи душанбе оғоз гардида, тамоми рӯз дар реҷаи "бе ист" (нон-стоп) идома дошт",-омадааст дар хабар.

Шаш кишвари миёнарав (Британияи Кабир, Олмон, Чин, Фаронса, Русия, ИМА) бо иштироки ИА ва Эрон хостори даст ёфтан ба тавофуқи ниҳоӣ дар барномаи ҳастаии Эрон мебошанд.Қаблан, Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар мавриди "андозаҳои калидӣ-ии созишномаи фарогири ҳастаӣ", ки бояд то 30 июн ниҳоӣ шавад, ба тавофуқ расида буданд.

Баъдтар мӯҳлати он то 7 июл тамдид карда шуд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0