ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар қиболи собиқ сардори шӯъбачаи 2-юми ШВКД дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд тибқи 13 банди кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст, менависад ОИ "Авеста".
Собиқ капитани милиса бо иттиҳомоти ироаи нишондоди барғалат, фасодкорӣ, мусоидат кардан дар тақаллуби асноди замин ва ғайра гумонбар дониста мешавад.
"Афсари мақомоти дохила сараввал барои гирифтани 500 доллари амрикоӣ ҳамчун ришва боздошт гардид",-омадааст дар хабари сарчашма.
Гуфтанист, ӯ бо талаб кардани пора ба шаҳрванд ваъда додааст, ки дар нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз намешавад.
Пас аз боздошт ва тафтишоти пешакӣ маълум гардид, ки собиқ сардори шӯъбача бо гуноҳҳои дигар, аз ҷумла сӯйистифода аз мақоми хидматӣ, ироаи маълумоти нодуруст, порахӯрӣ, аз худ кардани 1 га замин ва ғайра даст дорад.