Донишгоҳи тиббиро 61 донишҷӯ бо баҳои “аъло” хатм карданд

© Sputnik / Амир ИсаевДонишгоҳи пизишкии Тоҷикистон ба номи Абӯ Алӣ ибн Сино. Акс аз бойгонӣ
Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон ба номи Абӯ Алӣ ибн Сино. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар нимаи аввали соли 2015 аз донишгоҳи пизишкӣ 194 нафар донишҷӯй барои таҳсили бад ихроҷ шуда 50 донишҷӯйи дигар дар таҳсил барқарор шудаанд.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синоро дар соли 2015 шасту як нафар донишҷӯ бо баҳои "аъло" хатм кардаанд, менависад хабаргузории "Ховар" бо истинод ба раиси донишгоҳ Убайдулло Қурбонов.

Ба гуфтаи Қурбонов дар маҷмӯъ ҳудуди якуним ҳазор донишҷӯёни бахшҳои мухталифи ин донишгоҳ дар соли 2015 имтиҳоноти хатмро муваффақона супоридаанд. Дар миёни онҳо 48 нафар атбоъи хориҷӣ ва 141 нафар донишҷӯёне, ки тибқи муқаррароти раиси ҷумҳур таҳсил мекарданд.

Раиси донишгоҳ ҳамчунин зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз донишгоҳи пизишкӣ 194 нафар донишҷӯй ихроҷ шуда 50 нафар донишҷӯёни собиқ дар таҳсил барқарор шудаанд.

Донишгоҳи давлатии пизишкӣ, ки номи Абӯалӣ ибни Синоро дорад, соли 1939 таъсис шуда дар оғоз шаш кафедра дошт. Дар соли нахустини фаъолият 130 нафар донишҷӯёнро барои таҳсил бипазирифт, ки дар миёни онҳо ҳафт нафар атбоъи маҳаллӣ буданд. Дар соли 1971 муассисаи таълимии пизишкии Тоҷикистон дараҷаи аввалро касб карда дар соли 1993 номи донишгоҳро гирифт.

Лентаи хабарҳо
0