ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар қиболи зане, ки се фарзанди ноболиғашро ғарқ кард, тибқи моддаи 104, қисми 2 КҶ (куштори ду ва зиёда шахси ноболиғ) парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардидааст, менависад ОИ "Авеста".
Ҳоли ин зан дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад, омадааст дар хабари сарчашма.
Якшанбеи гузаштаи 5-уми июл зане худ ва се тифли хурдсолашро дар рӯдхонаи Душанбе ба об андохт. Одамон Парвина Абдуллоева, сокини деҳаи Бӯстони ноҳияи Ёвонро аз об зинда берун карданд, аммо кӯдакони ӯ — Оминаи 5-сола, Маҳинаи 6-сола ва Зиёвуддини 7-сола ба ҳалокат расиданд.