ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Як комиссияи босалоҳияти мақомоти қудратии Тоҷикистон таҳти сарварии генерал Шералӣ Хайруллоев барои таҳқиқи муноқишаи марзбонони қирғизу тоҷик, ки як кушта бар ҷой гузошт, ба Исфара рафтааст, иттилоъ медиҳад ОИ "Авеста".
Ба иттилоъи расонаҳо, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар раъси як комиссия барои таҳқиқи муноқишаи марзбонҳои қирғизу тоҷик ба ҷамоати Чоркӯҳи Исфара сафар кардааст. Ба навиштаи Радиои Озодӣ "комиссия ба таҳқиқи ҳодиса пардохтааст ва ба дунбол мавқеи худро оид ба ин муноқиша баён хоҳад дошт".
Ин муноқиша баъд аз зӯҳри 6 июл дар марзи миёни Исфара ва Бодканд рух дода, дар пайи он аз тири марзбонҳои қирғиз як сокини 18-солаи Исфара ҳалок ва як марзбони тоҷик захмӣ шуданд.
Аммо мақомоти марзбонии Қирғизистон рӯзи душанбе бо пахши як изҳорот гуфтанд, даргирӣ баъд аз он сар задааст, ки гӯё шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз хатти марзи Қирғизистон убур карда ва ба мошинҳое, ки ба шаҳрвандони он кишвар тааллуқ доштаанд, сангпартоӣ кардаанд.