ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тирамоҳи соли равон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии райисҷумҳури ҶҚ.
Аснои сӯҳбати телефонӣ, ки шоми дирӯз сурат пазируфт, роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон масоили муносибати дуҷониба, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сафари президенти Қазоқистон ба Душанберо ба баррасӣ гирифтанд.
Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои қазоқи худро ба муносибати рӯзи мавлудаш табрик кардааст.