Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ дар Шабакаи аввал ва “Ҷавонони Тоҷикистон”

© Sputnik / Игорь ЛекаркинБинои "Шабакаи аввал". Акс аз бойгонӣ
Бинои Шабакаи аввал. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин дуввумин тағйироти кадрӣ дар расонаҳои давлатӣ аст, ки давоми як моҳи ахир анҷом дода шуд.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Айниддин Самаруддин муовини роҳбари Хадамоти матбуоти президенти кишвар таъйин шудааст, менависад АМИТ "Ховар".

Тағйироти бузурги кадрӣ дар бахши ВАО-и давлатӣ

Самаруддин то ҳол ба ҳайси директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон кор мекард. Ҳоло ба ҷои ӯ дар ин симмат Суҳроб Рауфов таъйин гардид.

Инчунин Самаруддин Асоев, муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият" таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом Атохоҷа Мирзоҷалоловро иваз кард, ки қаблан муовини раиси Иттифоқи нависандагони кишвар интихоб шуд.

Ҳамин тариқ, Моҳира Сангмамадова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият", Назаров Умед Абдураҳимович, муовини аввали директори муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" ва Каримов Бахтовар Абдураҳимович, ки то ин вақт сармуҳаррири радиои Садои Душанбе буд, сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" таъйин шудаанд.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур афзудааст, ки Расулӣ Хайринисо бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият" озод карда шудааст.

Қаблан бо қарорҳои ҳукумати кишвар сармуҳаррири "Ҷумҳурият", директори АМИТ "Ховар", Радиои Тоҷикистон, Телевизиони Сафина, Телевизиони Баҳористон иваз шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0