ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Барои иҷрои тарҳи сармоягузории "Таҷдиди ҳавопаймоҳои ширкати "ТоҷикЭйр" 31 миллион доллар зарур аст, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон.
Тибқи ин тарҳи сармоягузорӣ, ки дар сомонаи ин ниҳод мунташир шудааст, зикр мешавад, ки ин маблағ барои харидории ду фарванд ҳавопаймоҳои тавлиди ширкати ҳавопаймосозии Embraer тавассути эътибороти қистӣ зарур аст. Инҳо ҳавопаймоҳои навъи Embraer-190 ва Embraer-145 мебошанд.
"Ҳамчунин ин маблағ барои сабти ном ва дарёфти муҷҷавизи васоили парвози ширкати ҳавоии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои Агентии амниятии ҳавоии Аврупо (EASA) — EASA PART-145 зарур аст", — омадааст дар хабар.
Дарёфти ин муҷҷавиз имкон медиҳад, ки ширкати ҳавоӣ бозрасиҳои фаннии ин ҳавопаймоҳоро мустақилона анҷом бидиҳад. Зикр шудааст, ки сармоягузории ин тарҳи "ТоҷикЭйр" тавассути эътибороти қистӣ ва ё сармоягузории мустақим имконпазир аст. Масъулони ширкат изҳори умедворӣ мекунанд, ки ин тарҳ дар тӯли 2-3 сол судовар мешавад.
Ҳавопаймои Embraer-190 аз ҷумлаи ҳавопаймоҳои думуҳаррикаи мусофиркашони масири парвозаш мутавассити Embraer E-Jet мебошад.
Embraer ERJ — навъи ҳавопаймоҳои зудпарвози минтақавии тавлидоти Бразилия мебошад. Ба ин гурӯҳ ҳавопаймоҳои навъи ERJ-135 (37 мусофир), ERJ-140 (44 мусофир) ва ERJ-145 (50 мусофир) ва ҳамчунин ҳавопаймои Legacy-600 (навъи тоҷирӣ) ва R-99 (навъи низомӣ) шомиланд. ERJ 145 — бузургтарин ҳавопаймо дар ин навъ аст. Ҳар як ҳавопаймо бо ду муҳаррик муҷаҳҳаз шудаанд.
Дар сомона зикр шудааст, ки "ТоҷикЭйр" саддарсад моли ҳукумати Тоҷикистон аст. Ширкати ҳавоӣ аз ҳавопаймоҳои Boeing-757-200, Boeing-737-400, Boeing-737-300, Ма-60, Ан-28, Ан-26 ва чархболи Ми-8 МТВ истифода мекунад.
"Феълан раҳбарияти ширкати ҳавоӣ мавзӯъи таҷдиди васоили парвоз бо ҳавопаймоҳои ҷадидтарини ғарбиро баррасӣ мекунад. Куллияи ҳавопаймоҳои ширкати "ТоҷикЭйр" мутобиқ ба меъёрҳои ИКАО ва ИАТА мебошанд", — зикр шудааст дар сомонаи ширкат.
Дар маҷмӯъ ширкат 37 адад ҳавопаймо дар ихтиёр дорад, ки 12 фарванди онҳо дар парвозҳо истифода мешаванд. 25 ҳавопаймои дигар, ки умдатан тавлиди Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд, нигаҳдорӣ мешаванд.