Юнониҳо дар ҳамапурсӣ ба қарздиҳандагон “не” гуфтанд

© AP / Daniel Ochoa de OlzaВазъ дар Юнон
Вазъ дар Юнон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ВКД Юнон дар бораи анҷоми ҳисоби посухҳои ширкаткунандагони ҳамапурсӣ дар робита ба муносибати сокинони кишвар ба тарҳи созишнома бо қарздиҳандагон, ки таҷдиди маҳдудиятҳои иқтисодиро дар назар дорад, хабар дод.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Комиссияҳои ҳисоб дар Юнон шумориши раъйро дар 100% ҳавзаҳои овоздиҳӣ, ки дар онҳо рӯзи якшанбе ҳамапурсӣ дар робита ба дархости қарздиҳандагон сурат гирифт, анҷом доданд. 61,31% ширкаткунандагон посухи "не" додаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ВКД Юнон.

38,69% пурсидашудагон аз тарҳи Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ карда 5,8% баргаҳои раъйдиҳӣ бекор дониста шудаанд.

Ҳамапурсӣ барои тарҳи қарордод бо Комиссияи Аврупои, Бонки воҳиди Аврупо ва СБП ба ибтикори ҳукумати Юнон ба раҳбарии Алексис Тсипрас, ки мухолифи имзои ин санад аст, сурат гирифт.

© ИнфографикаОпрос: Европа не готова платить по греческим долгам Sputnik
Опрос: Европа не готова платить по греческим долгам  Sputnik - Sputnik Тоҷикистон
Опрос: Европа не готова платить по греческим долгам Sputnik
Лентаи хабарҳо
0