Масъулони иқтисодии Тоҷикистон музокирот бо сармоягузоронро омӯхтанд

© Sputnik / Артем ЖитеневСанҷишот
Санҷишот - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони манотиқи озоди иқтисодии кишвар бо давраҳои омӯзишии САҲА фаро гирифта шуда аз донишҳои зарурӣ барои музокира бо сармоягузорони эҳтимолӣ бархурдор шуданд.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Масъулони манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон дар давраи дурӯзаи омӯзиши навҳаҳои ҷалби сармоягузории хориҷӣ ширкат карданд, хабар медиҳад сомонаи минтақаи озоди иқтисодии "Суғд".

Ин давраи омӯзишӣ ба иртикоби намояндагии САҲА дар Тоҷикистон баргузор ва барои кормандони чаҳор минтақаи озоди иқтисодӣ, ки дар кишвар сабти ном шудаанд, пешбинӣ шудааст.

Сохтмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ZiJin дар Суғд корхонаи фузулотро бо ҳазинаи $100 млн месозад

"Роҳандозии манотиқи озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба унвони наҳваи ҷадиди рушд ба таҳияи кадрҳои омӯзишдида, ки аз донишҳои муъосир бархурдор бошанд, ниёз доранд", — омадааст дар хабар.

Дар марҳилаи нахустини омӯзиш ширкаткунандагон иттилоъ дар бораи нақши манотиқи озоди иқтисодӣ дар рушди иқтисодро шунида масоили мубрам дар фаъолияти худро баррасӣ карданд. Гузоришгарон дар бораи манотиқи муваффақи озоди иқтисодӣ дар ҷаҳон мисолҳо оварданд.

Дар рӯзи дуввум дастандаркорон кормандонро бо наҳваҳои музокирот бо сармоягузорони воқеъӣ ошно сохта аз нозукиҳои муколама барои тавсеъаи равобити корӣ ва хусусии судманд мисолҳо оварданд.

Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" соли 2008 ба ҳадафи ҷалби иқтисоди вилояти Суғд ва Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонии кор, тавсеъаи тиҷорат бо кишварҳои хориҷӣ ва ташвиқи тавлиди колоҳои рақобатпазир дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ таъсис шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0