ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Чаҳор кенгуруи австралиягӣ, ки бар ивази хирсҳои нохунсафед ба боғи вуҳуши Тоҷикистон ваъда шуда буданд, дар роҳи сафар ба Душанбе дар гумруки Екатеринбург "таъвиқ" кардаанд, менависад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба LifeNews.
Музокирот барои табодули ҷонварон миёни боғи вуҳуши Тоҷикистон ва Чехия тибқи гузоришҳои расонаҳои Тоҷикистон тӯли ду соли ахир идома доштанд. Дар моҳи апрел ин ду боғи вуҳуш асноди заруриро имзо карданд.
Ҳамакнун рӯшан шуда, ки ҷонварони аҷиб аз Прага бидуни асноди зарурӣ мунтақил шудаанд ва ба ин мушкилӣ дар гумрук рӯбарӯ шудаанд.
"Кенгуруҳо бо ҳавопаймои мусофирбар сафар мекарданд. Дар фурӯдгоҳи Колтсово маъмурони гумрук ба далели набудани асноди зарурӣ иҷоза надоданд, ки ҷонварон ба қаламрави Иттиҳодияи гумрукӣ ворид шаванд", — менависад хабаргузорӣ.
Аммо агар ин мушкил ҳалли худро пайдо кунад, шаби имрӯз соъати 23:15 ҳар чаҳор кенгуру ба Тоҷикистон парвоз хоҳанд кард.