Номаи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Александр Лукашенко

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Беларус Александр Лукашенко. Акс аз бойгонӣ
Президенти Беларус Александр Лукашенко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президент дар номааш аз раванди рушди робитаҳои муфиди Тоҷикистону Беларус изҳори қаноатмандӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома Александр Лукашенко, раисҷумҳур ва мардуми Беларусро бо ҷашни миллии кишварашон табрик гуфтааст, менависад сомонаи президент.

"Боиси хушнудист, ки ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Беларус ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти ин кишвар табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ирсол медорам", — омадааст дар номаи раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома таъкид шудааст, ки Беларус дар миёни авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми муҳим дошта, "мехоҳам қаноатмандии амиқи худро аз раванди рушди робитаҳои мутақобилан муфиди анъанавию дӯстонаи Тоҷикистону Беларус дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ махсус таъкид намоям", — зикр кардааст президент.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома афзуда, ба муносибаҳои Тоҷикистону Беларус хушбин буда, барои тавсеа ва таҳкими минбаъдаи он ҷиҳати беҳбуди кишвару мардумонамон тамоми корҳоро бо бовари комил анҷом медиҳад.

"Ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич, сиҳатмандӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои минбаъда, ба халқи бародари беларус рафоҳат ва шукуфоиро таманно дорам", — хулоса кардааст президенти Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0