Тими "мӯйлабдорон", ё палангбачаҳои сафед дар боғи ҳайвоноти Литва

Обуна шудан
Дар боғи ҳайвоноти шаҳри Клайпедаи Литва шумори рекордии палангбачаҳои сафед ба дунё омаданд. Дар навор бубинед, ки майдачаҳо чӣ тавр бозӣ мекунанд ва гӯшаи манзилашонро аз назар мегузаронанд.

Панҷ палангбачаи сафед дар боғи вуҳуши Клайпедаи Литва меҳмони нав мебошанд.

Таваллуди онҳо барои кормандони боғи ҳайвонот ғайриинтизор буд. Вақте паланги сафед- Юрата ва хоҳари ӯро чанд сол қабл аз Словакия ба Литва оварданд, кормандони боғ таваллуд шудани як ва ё ду палангбачаро аз ин модапалангҳо интизор доштанд. Аммо таваллуди панҷ палангбачаи сафед кормандони боғро бениҳоят хурсанд кард.

Тибқи иттилои ҷамъияти табиатдӯстони Ҳинд дар саросари олам ҳамагӣ 200 паланги сафед боқӣ мондааст. Тайи 100 соли ахир дар Ҳиндустон ҳамагӣ 12 сар паланги сафед ба мушоҳида расидааст.

Лентаи хабарҳо
0