ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои васеъ кардани ҷодда аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбӣ дар чаҳорчӯби тарҳи бозсозии ҷоддаи Душанбе-марз бо Ӯзбакистон озмун эълом мекунад, хабар медиҳад сомонаи вазорати нақлиёти ҶТ.
Васеъкунӣ ва бозсозии ҷоддаи пойтахт дар чаҳорчӯби тарҳи бозсозии ҷоддаи Душанбе-марз бо Ӯзбакистон сурат мегирад. 120 миллиони ҳазинаи умумии ин тарҳи 200 миллиониро Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд таъмини молӣ карда 3 миллионро ба унвони кӯмаки фаннӣ ироъа кардааст. Маблағи боқимондаи ҳазинаи тарҳ аз сӯйи будҷаи кишвар пардохт мешавад.
Хабар дода шудааст, ки сохтмони ҷоддаи сетабақа дар маҳалли гузари давраии маҳалли 82-и Душанбе вориди ин тарҳ аст. Ҳамчунин сохтмони роҳи пиёдагарди 1,565 километрӣ дар ҷоддаи Душанбе-марз бо Ӯзбакистон, эҳдоси деворҳои нақби зеризаминии пиёдагард дар хиёбони Ғафуров ва дигар умур анҷом дода хоҳанд шуд.
Зикр шудааст, ки дар озмун ширкатҳое метавонанд ширкат кунанд, ки дар ин умур таҷрибаи корӣ доранд.